Аскари гуреза.

imgpreview (18)Артиши миллӣ феълан аз лиҳози таъминоти моддиву техникӣ ва шароити хизмат хеле пеш рафта, пуриқтидору нерӯманд мебошад. Ин аст, ки солҳои охир ҷавонон бо амри дилу дарки масъулияти ватандорӣ ба сафи Артиши миллӣ ихтиёрӣ мепайванданд.

Омили басо муҳим ва пешравии кор қабл аз ҳама дар иртиботи қавӣ доштан миёни кормандони комиссариати ҳарбӣ ва муассисаҳои таълимию ҷамоатҳои деҳот мебошад.

Бо амри вазифа бо бисёр сарбозон ва даъватшавандаҳо сӯҳбат менамоям. Ба шарофати адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ сарбозон ба мафҳуми бародариву дӯстӣ, дасти ҳамдигар гирифтан, ваҳдату якпорчагӣ, сулҳу салоҳ ва ватандӯстиву ватанпарварӣ беҳтару хубтар сарфаҳм мераванд.

Мутаассифона, ҳамин раванди фараҳбахшро иддае аз ҷавонони буздил ва танбал бо амалҳои зишти худ доғдор мекунанд. Ба далели як парванда назар мекунем. Даъватшаванда Самандари Абдуҷаббор ба амри дил ба хидмати аскарӣ рафт. Аммо масъулият ва қарзи шаҳрвандиашро иҷро накард. Сарбози қаторӣ Самандари Абдуҷаббор бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 4 феврали соли 2016 дар содир намудани ҷинояти саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ва фирор аз қисми низомӣ ба мӯҳлати 1 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Вале ӯ аз ин хулосаи даркорӣ набароварда, такроран моҳи феврал пас аз эълони ҳукми суд аз ҷои адои ҷазо фирор намуд. Танҳо бо иқдом ва амали ватандӯстии падараш Раҷабов Абдуҷаббор иҷборан ба қисми низомӣ баргардонида шуд. Вале на насиҳати падар ва на таъкиди сардорони қисми низомӣ ба Самандар асар накарданд. Боз бори сеюм 22 феврали соли равон дар арафаи иди ҳомиёни Ватан қисми низомиро тарк мекунад. Барои ин амал сарбози қаторӣ Самандари Абдуҷаббор ба мӯҳлати як сол бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз озодӣ маҳрум гардид.

Аксари сардорони қисмҳои низомӣ аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки дар масъалаи омода кардани даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ аз ҷониби масъулони баъзе шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо кор мувофиқи матлаб ба роҳ монда нашудааст. Ҳамзамон ёдрас мекунем, ки маърифати ҳуқуқӣ ва маъракаи фаҳмондадиҳӣ байни даъватшавандаҳо ҳанӯз ҳам дар сатҳи паст қарор дорад. Ҳангоми баррасии парвандаҳо сарбозону даъватшавандаҳо одитарин маърифати ҳуқуқии сатҳи мактаби таҳсилоти ҳамагониро надоранд. Дар ин самт имрӯз ВАО барномаҳои муфиди маърифати ҳуқуқиро нашр ва пахш менамоянд, ки муфид аст.

 

 

 

Судяи Суди ҳарбии

гарнизони Душанбе

майори адлия:                                                         Хуршед Маҳмадзода.

 

Маҷаллаи «Чархи Гардун» 18.05.2016 сол.

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий

|