Ҳар амалеро подошест.

дедовшинаВолидон бо як ҷаҳон умед фарзандро ба воя расонида, ба хизмати Ватан раҳсипор менамоянд, то фардо номбардори на танҳо падару модар, балки миллату Ватан ва мояи ифтихори ҳамагон бошад. Аммо бархе аз ҷавонон бо як амали нодуруст, ки аз сари хашму ғазаб ва беандешагӣ содир мегардад, ҳама умеди падару модарро барбод додаву барои ҳамешагӣ ба шаъну шарафи ҷавонмарди тоҷик иснод меоранд. Ҷиноят содир намудан доғест, ки барои тамоми умр дар номаи аъмоли шахси ҷинояткор сабт мешавад ва на танҳо худи ӯ, балки падару модар ва наздиконашро низ дар миёни ҷомеа сархаму шармсор месозад.

10-уми январи соли 2016, тақрибан соати 17 аз посгоҳи чоруми ротаи посбонии қисми ҳарбии 051058-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садои тир баланд шуда, оромии гирду атрофро халалдор намуд. Қисми ҳарбӣ дар мавзеи зебоманзари Роғун воқеъ гардида, ҷавонони баору номуси миллат адои хизматро дар ин ниҳод барои худ мояи шарафу ифтихор меҳисобанд. Вале он рӯзро тамоми ҳайати наряди шабонарӯзии ин қисми ҳарбӣ бо ҳаяҷони хоса ба ёд меоранд.

Лейтенанти калон Ф.Қаюмов – афсаре, ки он рӯз сардори қаровул таъин гардида буд, бо шунидани садои тир ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, сарбози қаторӣ Юлдошбой Маматқуловро бо пойи хуншор ва дар ҳолати нимбеҳушӣ дарёфт. Сипас, ӯ ҳмроҳи ёвари сардори қаровул Ҷ.Абдувоҳидов Юлдошбойро аз манораи дидбонӣ поён фароварда, баъди расонидани ёрии аввалини тиббӣ дар нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ, ба беморхонаи шаҳр оварданд.

Комилҷон ҳамхизмати худ Юлдошбойро аз рӯзи аввали ба хизмати ҳарбӣ шомил шуданаш мешинохт. Бо вуҷуди он ки дар рафтору кирдори ҳамхизмати худ ягон аломати номатлубро мушоҳида намекард, аммо пайваста бо амру супоришҳои бемаврид ӯро азият медод ва бо ин роҳ бартарияти худро нишон доданӣ мешуд. Тавре маълум аст, яке аз зуҳуроти номатлубе, ки мутаасифона ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар ҳама давру замон ба мушоҳида мерасид ва то ҳол аз байн нарафтааст, муштзӯрии сарбозони қаблан даъватшуда ва ё ба қавле «дед»-ҳо нисбат ба сарбозони навдаъватшуда ва бедалел худро ҳокими мутлақ ҳисобидани онҳо мебошад. Одатан истифодаи ин усул, яъне усули «дедовшина» аксар вақт ба ҷароҳатбардорӣ, маъюбию маслуқӣ, беморӣ ва ҳатто ба содир намудани ҷиноят оварда мерасонад.

Сарбози қаторӣ Комилҷон Одинаев низ бо даъвои нишон додани бартарияти худ ҳамчун сарбози пештар даъватшуда борҳо ба таҳқиру таҳдид ва латукӯби сарбози қаторӣ Юлдошбой Маматқулов даст зада, аз ӯ иҷрои амалҳои дар тобеияташ набударо талаб менамуд. Масалан, 21 декабри соли 2015 дар хобгоҳи қисми ҳарбӣ Комилҷон ба Юлдошбой супориш медиҳад, ки зергиребони камзулашро бидӯзад. Сарбоз Маматқулов ин амри ӯро бечуну чаро иҷро намуд. Аммо Одинаев бори дигар ӯро ба наздаш даъват карда пурсид, ки чаро зергиребон намнок аст. Маматқулов ҷавоб дод, ки бо сабаби чиркин буданаш онро шуста, баъдан ба гиребон часпонидааст. Одинаев аз ин кирдори Маматқулов дар қаҳр шуда, ба рӯяш чанд маротиба шаппотӣ зад. Баъдан Юлдошбой борҳо чунин аъмоли ношоиста ва ноҷавонмардонаи Комилҷонро таҳаммул менамуду назди касе забони шиква намекушод. Ин буд, ки 8-уми январи соли равон, вақти дар дохили қаровулхона ба рубӯчин машғул будани сарбози қаторӣ Маматқулов сарбози қаторӣ Одинаев дохили бино шуда, ба ӯ амр медиҳад, ки рафта барояш об биёрад. Баъди чанд муддат Комилҷон дар назди дари даромадгоҳи қаровулхона Юлдошбойро ба наздаш даъват карда, сабаби об наоварданашро пурсид. Юлдошбой гуфт, ки ба кор андармон шудаасту ин супориш аз ёдаш баромадааст. Ин ҷавоби сарбози «кам хизматкарда» ба оташи хашми сарбози «бисёр хизматкарда» равған рехту ӯ бе ягон андеша ба сару рӯй ва қафаси синааш бо мушт задан гирифт. Юлдошбой вақте ба ҳуш омад, ки Комилҷон ба сару рӯяш барф молида истодааст. Чунин рафтору амалҳои ноадолатонаи ҳамхизматаш Юлдошбойро водор сохт, ки нақшаи аз ӯ халос шуданро дар майнаи худ тарҳрезӣ намояд. Оқибат ӯ ба хулосае омад, ки худро маҷрӯҳ месозад, то аз ҷабру ситами ҳамхизмат раҳоӣ ёбад. Ӯро ҳатто хатари ҳалок шудану андешаи як умр мотамсаро намудани қалби волидону наздикон низ аз ин раъйи худ гардонида натавонист.

Юлдошбойро бо ҷароҳати вазнини пойи рост бар асари захми тир дар Шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллӣ бистарӣ намуданд. Ӯ ба таҳқиру кирдори дағалонаи ҳамхизмати худ тоб наоварда, ҳангоми иҷрои яке аз бастҳои навбатдорӣ аз силоҳи ба ӯ вобасташуда ба рони пойи рости худ як тир холӣ намуда, ба худ ҷароҳати ҷисмонӣ расонид.

Бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе сарбози қаторӣ Одинаев Комилҷон Давлаталиевич, пулемётчии отделенияи сеюми взводи сеюми ротаи тирандозии қисми ҳарбии 051058-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷурми содир намудани ҷиноят бо моддаи 373 қисми 2 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста шуда, нисбат ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 5 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шуд.

Мутобиқи қонунгузорӣ ҳар хизматчии ҳарбӣ, новобаста ба рутбаву вазифа, барои вайрон намудани муносибатҳои оинномавӣ, содиқ набудан ба савганди ҳарбӣ, паст задани шаъну шарафи хизматчии ҳарбӣ ва амсоли ин албатта ба ҷазои сахти қонун ва нафрати халқ гирифтор хоҳад шуд.

 

 

 

Судяи Суди ҳарбии

гарнизони Душанбе

подполковники адлия:                               Раъно Искандарзода.

 

Маҷаллаи «Ҷавонони Тоҷикистон» 19.05.2016 сол.

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий

|