Оқибати амалҳои ношоям.

imgpreview (14)Баъзан нафароне пайдо мешаванд, ки аз пайи муфтхӯрӣ рафта, ба амалҳои ношоям даст мезананд ва рӯзгори худро тор мекунанд.

Раҳмонов Муродҷон Ваҳобович ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ машғул нагардида, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт қасдан бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр гурӯҳи муташаккил таъсис дода, роҳбарии гурӯҳро Ғафоров Шаҳбоз Исматуллоевич ба зимма гирифта, дар ҳолатҳои зерин дар ҳайати гурӯҳи муташаккил даст ба ҷиноятҳои тасарруфи молу мулки ғайр задааст.

Чунончи, ӯ шаби 7 ба 8-уми декабри соли 2013, тахминан соатҳои 24:00 ба 01:00 такроран, аз ҷониби гурӯҳи муташаккил бо аъзои ин гурӯҳ Қурбонов Шараф Шарофидинович ва Ғафоров Шаҳбоз Исматуллоевич аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Салим Дилшодзода, Икромзодаи Насриддини Сайдалӣ бо мақсади дуздӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр, ба автомашинаи тамғаи «Хундай Старекс» аломатҳои ба қайдгириаш 6281 ВН 01, ки онро ба иҷора гирифта буд, аломатҳои ба қайдгирии қалбакии 0810 А 01-ро гузошта, ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, воқеъ дар маҳаллаи Чоряккорони Ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ рафтаанд. Аз назди ин нуқта бо худашон як адад арматур ва як адад зоғнулро гирифта, ғайриқонунӣ вориди нуқтаи фурӯши сӯзишвории мазкур, ки ба шаҳрванд Давлатов Ибодулло Дилшодович таалуқ дошт, гаштаанд. Дар онҷо аз хоб будани кормандони нуқта Давлятов Ҷ., Ғафуров М.М. ва Давлатов Ш. истифода намуда, ба тариқи пинҳонӣ як адад сандуқи оҳанини арзишаш 250 сомонӣ, ки дар дохили он маблағи 18000 сомонии ба Давлатов И.Д. таалуқдошта нигоҳ дошта мешуд, инчунин як адад телефонии мобилии тамғаи «Noni», арзишаш 100 сомонӣ, дар дохилаш симкорти ширкати мобилии «Мегафон» бо рақами 907-30-30-62, дар суратҳисобаш маблағи пулӣ надошт ва як адад соати дастии арзишаш 30 сомонии ба корманди ин нуқтаи фурӯши сузишворӣ Давлятов Ҷомӣ Аюбович таалуқдошта ва як адад телефони мобилии тамғаи «Сони эриксон» арзишаш 400 сомониро, ки ба корманди дигари ин нуқта Ғафуров Мустафо Муҳаммадкаримович таалуқ дошт, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Ғайр аз ин, ӯ шаби 28 ба 29-уми январи соли 2014, тахминан соати 01:00, такроран аз ҷониби гурӯҳи муташаккил бо аъзои ин гурӯҳ Ғафоров Шаҳбоз Исматуллоевич ва аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Қурбонов Тошмурод Шарофидинович, бо мақсади дуздӣ ба суроғаи ноҳияи Ҳисор, Ҷамоати деҳоти М.Турсунзода, деҳаи Даҳбед, назди нуқтаи фурӯши сӯзишвории ба шаҳрванд Назифов Ҷурабек Ҳанифович таалуқдошта рафтаанд. Дар онҷо бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр, ғайриқонунӣ вориди ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ гардидаанд. Аз дохили нуқта 3 адад зарфи 5-литра маҳсулоти «антифриз», маҳсулоти сӯзишвории «бензин» ба миқдори 120 литр, «солярка» ба миқдори 78 литр, 42,5 литр равғани молиданиро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Инчунин, ӯ тахминан соати 2-и шаби 30 ба 31-уми январи соли 2014, такроран аз ҷониби гурӯҳи муташаккил бо узви ин гурӯҳ Ғафоров Шаҳбоз Исматуллоевич ва аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Раҳмонов Юсуф Ҳоҷимуродович, бо мақсади дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр ба назди нуқтаи Филиали ҶСК «Бонки Эсхата», воқеъ дар суроғаи ноҳияи Ҳисор, Ҷамоати деҳоти Дурбат, деҳаи Дурбат рафтаанд. Дар он ҷо аз набудани атрофиён истифода намуда, бо роҳи шикастани дари даромадгоҳи бонки мазкур, ғайриқонунӣ вориди он гардидаанд. Аз дохили бино бо тариқи ниҳонӣ як адад сандуқи (сейфи) оҳанин арзишаш 530 сомонӣ, ки дар дохилаш як адад муҳри гирдшакли «Хазина-11» арзишаш 140 сомонӣ ва як адад муҳранбури (пломбиратор) арзишаш 180 сомонӣ мавҷудбударо тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Ғайр аз ин, ӯ тахминан соати 1-и шаби 30 ба 31-уми январи соли 2014, аз ҷониби гурӯҳи муташаккил бо узви ин гурӯҳ Ғафоров Шаҳбоз Исматуллоевич ва аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Раҳмонов Юсуф Ҳоҷимуродович ба маҳаллаи Шайнаки Гадои Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ назди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ рафтаанд. Аз мақсади дуздии онҳо корманди нуқтаи мазкур Шодиев Фирдавс Самандарович хабардор гардида, аз наздикони худ кӯмак талаб мекунад. Бо ҳамин сабаб, Ғафоров Ш.И., Раҳмонов М.А. ва Раҳмонов Ю.Ҳ. мақсади ҷинояткоронаи худро то ба охир амалӣ карда натавониста, арматури дар даст доштаашонро дар ҷойи ҷиноят партофта, аз онҷо ғайб задаанд.

Ғайр аз ин, ӯ тахминан соати 3-и шаби 1 ба 2-юми феврали соли 2014, аз ҷониби гурӯҳи муташаккил бо узви ин гурӯҳ Ғафоров Шаҳбоз Исматуллоевич ва аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Раҳмонов Юсуф Ҳоҷимуродович ва «Фирдавс» ном шахси шахсияташ ба тафтишоти пешакӣ номаълум, такроран, бо мақсади тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр ба рӯяшон ниқоб пӯшида, ба назди манзили истиқоматии шаҳрванд Ятимова Моҳистон Шодиевна, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Бинокорон, гузаргоҳи 3, хонаи №37 ҳозир шуда, ҷавоҳироти тиллоӣ ва нуқрагинро тасарруф намудаву бо ин қонеъ нашуда, бо истифодаи зӯроварии ҷисмонӣ ва таҳдид бо корд чанд нафарро латукӯб кардаанд.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 332-335, 337-339, 341-344, 347-348 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ҳукм кард, ки Раҳмонов Муродҷон Ваҳобович бо моддаҳои 244 қисми 4 банди «в», 32 қисми 3-244 қисми 4 банди «в» ва 249 қисми 3 бандҳои «а,б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шавад. Ба ӯ бо моддаи 244 қисми 4 банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 9 (нуҳ) сол, бо моддаи 32 қисми 3-244 қисми 4 банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 8 (ҳашт) сол, бо моддаи 249 қисми 3 бандҳои «а,б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 12 (дувоздаҳ) сол таъин гардид.

Бо дастрасии моддаи 67 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо ҷазои ниҳоӣ ба Раҳмонов Муродҷон Ваҳобович дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 13 (сенздаҳ) сол, бо адо намудани ҷазо дар калонияи ислоҳии низомаш сахт таъин карда шуд.

 

 

 

Судяи Суди ҳарбии

гарнизони Душанбе

полковники адлия:                            Шарафҷон Нарзуллозода.

 

Маҷаллаи «Фараж» 08.06.2016 сол.

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий

|