Сӯиистифода аз вазифа – манбаъи фасод.

work-legal-services-criminal-cases-1-1.800imgpreview (1)Собиқ хизматчии ҳарбӣ майор Сафаров Муродалӣ Шералиевич бо фармони Вазири мудофиаи ҶТ аз 27 августи соли 2014 таҳти №0233 ба вазифаи сардори зершӯъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин шуда, шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, бо сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ ба вазифаҳои хизматии бефаъолиятӣ муносибат намуда, дар ҳолатҳои зерин даст ба содир намудани ҷиноят задааст.

Чунончи, 26-уми октябри соли 2015 Сафаров М.Ш. дар вазифаи сардори зершӯъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино кор карда, худи ҳамон рӯз шаҳрванд Раҳимов Сайфулло Саъдуллоевич, санаи таваллудаш 01-уми июли соли 1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Ғуломов, бинои 11/5, ҳуҷраи 38, ки дар пешбурди ШВКД-2 дар ноҳияи Сино парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 банди «в» КҶ ҶТ мавриди тафтиш қарор дошта, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба Суди ноҳияи Сино ирсол гардида, аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ қарори қонунӣ қабул нашуда буд, бо ариза ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино муроҷиат намуда, хоҳиши ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданро карда будааст. Аммо Сафаров М.Ш. ҳамчун шахси мансабдор бо сӯиистеъмоли ҳокимият ва мақоми хизматӣ ба вазифаҳои хизматии худ бефаъолиятӣ зоҳир намуда, бар хилофи талаботҳои моддаи 21 қисми 1 банди «е»-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» амал намуда, шахсияти даъватшаванда Раҳимов С.С.-ро ба таври пурра ва дақиқ насанҷида, ӯро ба комиссияи даъватии ноҳияи Сино пешниҳод намудааст. Худи ҳамон рӯз Раҳимов С.С. аз тарафи комиссияи даъватии гузашта бо маҳдудияти дараҷаи 3 қобил ба хизмати ҳарбӣ ҳисобида шуда, барои адои он ба қисми ҳарбии 051056 ГМ ҶТ фиристонида шудааст.

Судшаванда Сафаров Муродалӣ Шералиевич оиди айби ба ӯ эълон кардашуда бо моддаи 391 қисми 1 КҶ ҶТ худашро пурра гунаҳгор ҳисобида, дар мурофиаи судӣ изҳор намуд, ки ба гуноҳаш иқрор шудани ӯ маҷбурӣ нест ва дархост кард, ки мурофиаи судӣ нисбати ӯ бо тартиби соддакардашудаи тафтиши судӣ гузаронида шавад. Дархости мазкурро ҷабрдида ва айбдоркунандаи давлатӣ низ дастгирӣ намуданд.

Суд бо дарназардошти ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо ва шахсияти судшаванда ба хулоса омад, ки дар доираи раводиди моддаи 391 қисми 1 КҶ ҶТ ҷазоро дар намуди ҷарима ба фоидаи давлат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда дар Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ бо дастрасии моддаи 67 қисмҳои 2 ва 6 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 02-юми марти соли 2016 таъингардида нисбати Сафаров Муродалӣ Шералиевич ҷорӣ намояд.

 

 

 

Судяи Суди ҳарбии

гарнизони Душанбе:                          Шарафҷон Нарзуллозода

 

Маҷаллаи «Чархи Гардун» 15.06.2016 сол.

 

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий

|