Теғи ҳилм аз теғи оҳан тезтар.

IMG_8475 - копияҲар як рӯзи гузашта моро ба ҷашни чорякасраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон наздиктар мекунад. Мо бо ҳамдиливу ҳамдастӣ Ватан обод мекунем, барои ояндаи боз ҳам дурахшонтару зеботар заминаҳо мегузорем. Агар ба 25-соли гузашта нигоҳ кунем, мебинем, ки асоси комёбиамон дар ваҳдату ягонагӣ будааст. Сарчашмаи асосии ободиву тараққиёт будани ваҳдат ҳақиқати бебаҳо аст. Инсонҳои соҳибдил ин маъноро хуб дарк мекунанд. Натиҷаи чунин ҷидду ҷаҳд ва кӯшишҳои пайдарпайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки корвони Ваҳдати халқи сулҳпарвару ободкори мо ба манзили мурод расид. Дасти ҳамдилии сокинони ҷумҳурӣ кохи саодат бунёд кард. Имрӯз тамоми гӯшаю канори Тоҷикистони азиз, ба гулистон монанд шудааст. Ба ҳар куҷое, ки равед, мардумро саргарми корҳои созанда ва ҷаҳду талоши ватанпарастона мебинед. Меъмори Ваҳдат бо ҳамдастиву ҳамроҳист ва ҳамдиливу ҳамкории Раиси шаҳрамон пойтахти Ватани азизи моро ҳам зебу фар бахшид. Симои Душанбе ба куллӣ дигар гашт. Гулгашту хиёбонҳои шаҳр шабеҳи гулистонҳои назаррабо шудааст. Сокинони хушбахти шаҳр ва меҳмонҳо аз осори ҳунариву заҳмати дасти боғдорон ба ваҷд меоянд. Агар ба ибораи дигар гуем, Душанбе меҳвари ваҳдати миллӣ аст. Чи хеле ки гуфтем, дастовардҳои дар 19-сол ҳосилгашта ҳар як инсони ватандӯстро шод мекунад, ба корҳои оянда илҳом мебахшад. Вале мо бояд аз ояндаи кишвар, аз бақои давлати миллии худ ҷиддӣ биандешем. Бояд чунон рафтор кунем, ки ҳамаи амаламон ба мустаҳкамтар шудани пояҳои иқтисодиёти Ватан, фарҳанги миллӣ ва волоияти қонун мусоидат кунад.

Азбаски мо давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд месозем, аввалин омили ваҳдатсозу нерӯбахш, эҳтиром кардани Сарқонун ва риоя кардани қонунҳои ҷорӣ аст. Ҳар як қонун ба хотири ҳимояи манфиати мардум қабул шудааст. Дар чаҳорчубаи қонунҳо амал кардан гарави осудаҳолии шаҳрвандон ва ободии рӯзгор аст. Вале бисёр мебинем, ки шаҳрвандоне ҳастанд, ки талаботи қонунҳоро сарфи назар мекунанд, боиси озори хотири дигарон мешаванд. Эҳтиром кардани инсонҳо, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ, мазҳаб ва миллат шарт аст. Қоидаҳои маъмули одоби инсонӣ, ки дар давоми ҳазорсолаҳо шакл гирифтааст, пурра ба меъёр ва талаботи Конститутсия мувофиқ аст.

Ягон кас ҳаққи касеро таҳқир кардан, шарафи инсонии ӯро паст задан надорад. Ҳамаи одамон дар қадру қиммат яксон ҳастанд. Аз ин рӯ, эҳтироми ҳамдигар шарт аст. Зеро шахси меҳрубону хушфеъл дар ҷавоби амали худ ҳатман меҳрубонӣ хоҳад дид. Ва ин сифат боиси пайванди самимии одамон, сабаби дарёфтани дӯстони нав ва дар маҷмӯъ, воситаи иттиҳоди мустаҳками миллат мегардад. Ҳар яки мо бояд дарк кунем, ки як Ватан ва як тақдир дорем. Пас муттаҳидтару ҳамраъӣ шарт аст. Ваҳдати миллии мо бояд ваҳдати амалӣ ва фарҳангӣ бошад. Танҳо бо сухан Ватан обод кардан мумкин нест. Бояд ҳар як сухани мо ифодакунандаи азму ирода ва ниятамон бошад. Ободии Ватан, аз ободии маҳал, деҳа, ноҳия ва хона оғоз мегардад. Агар мардуми як маҳал муттаҳиду хайрхоҳ бошанд, намунаи ибрати дигарон хоҳанд гашт.

Бисёр мебинем ва мешунавем, ки ҷавонони мо дағалгуфтору сангдил шудаанд. Ин сифатҳо сарчашмаи парешонӣ ва иттиҳод аст. Вақте ки дар як муҳит одамони бераҳму зиштсухан умр ба сар мебаранд, дар он ҷо осоишу амният ва комёбӣ наметавонад буд. Аз ин рӯ, дар марҳалаи имрӯза, мо бояд ба баланд кардани дараҷаи маърифати шаҳрвандон кӯшиш кунем. Агар тоҷикистониён дарк кунанд, ки ҳамватан будан дар назди дигарон масъулият доштан ва дигаронро эҳтиром кардан аст, кори мо даҳчанд ривоҷ мегирад. Ҳар як кору амали мо бояд дар асоси қонун бошад. Қонун бошад, дар тарозуи адолат санҷида шудааст. Табиист, ки меҳр меҳр меовараду кина кина. Аз ин сабаб, шоире гуфтааст:

 

Дилро ба дил раҳест дар ин гунбади сипеҳр,

Аз рӯи кина, кинаю аз рӯи меҳр меҳр.

 

Риоя кардани қоидаҳои рафтор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳам барои мустаҳкам шудани пояҳои Ваҳдати миллии мо мусоидат мекунад. Бо таъсири филмҳои хориҷӣ ва мӯдпарастии бемаънӣ, як гурӯҳ ҷавонони мо ғарбпараст шудаанд. Чунин ҳолат ҳам ногузир ба беқадр гаштани анъанаҳои миллӣ, барҳам хӯрдани таомули гуфтору рафтори тоҷикона оварда мерасонад. Эҳтироми калонсолон барои хурдон шарт аст. Ба андешаи мо сарчашмаи иттиҳоду ҳамдилӣ, ин дар эҳтирому иззати дутарафа аст. Хуб мешавад, агар ҷавонони мо аз рӯи ҳикмати бузургон кору зиндагонӣ мекарданд. Ҳилму меҳрубонӣ, сифатест, ки дилҳоро нарм ва моил ба накӯкорӣ мекунад. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ гуфтааст:

 

Теғи ҳилм аз теғи оҳан тезтар,

Бал зи сад лашкар зафарангезтар.

 

Мо арзишу аҳамияти сифатҳои неки инсониро дар таҷрибаи худ дидем. Ҳамаи ободкориву созандагиҳои замони Истиқлол аз файзи ҳамдиливу меҳрубонӣ аст. Кӯдакону ҷавонони мо ин ҳақиқатро бояд хуб донанд ва бо роҳи падарони худ раванд.

Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро баланд кардан, ҷаҳонбинии онҳоро такмил додан ҳам муҳим аст. Шаҳрванди қонунпарасту мавқеъшинос новобаста аз касбу кор дар сафи пеши ободкорон меистад. Ватанро бошад дасти иттиҳоду ҳамдилии чунин фарзандони вафодор обод мекунад. Мафҳуми Ваҳдати миллӣ мисли офтоб тамоми паҳлӯҳои рӯзгор, маишат ва тафаккури мардумро равшан мекунад. Аз ин рӯ саодати абадӣ ва ободии зиндагонӣ ба эҳтиром кардану дӯст доштани он важаи зебою дилнишин вобаста аст!

 

 

 

Судяи Суди ҳарбии

гарнизони Душанбе

полковники адлия:                                     Раъно Искандарзода.

 

Маҷаллаи «Паёми Душанбе» 17.06.2016 сол.

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий

|