Хизмат ва хиёнат.

maxresdefault

Мо осуда ва беташвиш кору истироҳат мекунем. Зеро Сарқонуни кишвар ҳифзи амнияти марзу бум ва зиндагии осоиштаи моро кафолат додааст. Ва ин вазифаи муқаддасро сарбозони шуҷои Ватан ба уҳда доранд. Чанде пеш аз тамрини идонаи сарбозони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони ҳарбӣ ҳаловат бурдам. Ба таври муъҷизавӣ аз қисмҳои низомии парокандаи даврони пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз давраи «қумандонсолорӣ» дар муддати кӯтоҳ артиши тавоно ва қодир ба ҳифзи музаффарият истиқлолияти давлатӣ ба вуҷуд омад. Бо туфайли тақозои касбам ман зуд – зуд аз қисмҳои низомӣ дидан намуда, бо сарбозон, волидону афсарон сӯҳбатҳо доир менамоям. Чанде пеш модари яке аз сарбозони қисми низомӣ чунин иброз дошт: «Ман фахр мекунам, ки 3 фарзандам дар Артиши посдори оромӣ ва сулҳи кишвар хидмат кардаанд. Бовар дорам, фарзанди чорумам низ ин қарзи муқаддасро сарбаландона ба ҷо меорад».

Рӯҳияи болидаи аскарон, нангу номуси афсарон, ифтихору дилсӯзии волидон боиси сарфарозист. Аммо боз баръакс, ҳодисаҳои номатлуби авбошӣ, ғоратгарӣ, «бобосолорӣ» дар артиш, тарки ҷои хизмати низомӣ, саркашӣ аз даъват ин дастовард ва шуҷоати анъанавиро коста мекунад.

Сержанти хурд Мастонов Ҳамрозро низ волидонаш бо сари баланд ва ормону умедҳои нек ба хидмати Модар – Ватан гусел намуданд. Онҳо ифтихор доштанд, ки фарзанди солиму хушқаду қомати онҳо марзу буми Ватанро ҳифз менамояд. Бадбахтона ӯ аз рӯзҳои аввали хидмат уҳдадориҳои оинномавии ҳарбиро дағалона вайрон намуд. Рафтори дағал, муомилаи бад бо наваскарон аз чашми афсарон пинҳон намонд. Вале маъмулан дар артиш анъанаи «Нахоҳед; ёд медиҳем ва маҷбур мекунем, ки ёд гирӣ» ҳукмфармо аст. Сухан, панд, эродҳои падар пай, ҷазоҳои оддӣ ба Мастонов асар накарданд. Ӯ дар ҷои хизмат ба лату куби наваскарон даст зад. Дар натиҷа ҷазои сазовор гирифт.

Ҳадаф аз ин мисол таҳлил ва баррасии омилҳои чунин ҷиноят мебошад. Табиист, ки Артиш дар ду сол ҳар як сарбозро чун волидонаш тарбия ва ба воя намерасонад. Ин марҳилаи ташаккули ҷисмонӣ ва ақлониро волидон ва омӯзгорони мактаб ба ӯҳда доранд. Маънаван пас аз сар задани субъекти ҷиноят гуноҳ бар дӯши волидону мураббиён ҳаст. Омили дигар таълими ибтидоии наваскарон дар мактаб оид ба ҳуқуқ ва қонун суст мебошад. Ин фан ҳоло ҳам дар муассисаҳои таълимӣ суст тадрис мешавад. Баъзе наваскарон оддитарин қоидаҳо, қонунҳои кишварро намедонанд. Омили дигар – ин бепарвоӣ, каммасъулиятии волидон мебошад. Онҳо баъзан кӯшиш менамоянд, ки фарзандонашонро аз хизмати артиш озод кунанд.

Соли гузашта ин ҷиноят ва қонуншиканиро дар 10 парванда баррасӣ намудем. Мо имрӯз ба ҳомиёни ҷасури Ватан ниёз дорем. Зеро таҳдидҳо ва хатарҳо аз худ дарак медиҳанд. Қувват гирифтани ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, ки аз номи дини Ислом амал карда, номи ин дини мубинро чун воситаи расидан ба мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд, бешак, барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ эҷод намудааст. Ҳанӯз мутафаккири Рими қадим Сисерон гуфта буд: Агар хоҳӣ озод бошӣ, ғуломи қонун бош. Озодӣ он вақт бехатар ва манфиатбахш аст, ки дар ҷомеа ҳама Конститутсияи мамлакат ва қонунҳоро риоя кунанд, арзишҳои миллиро пос доранд, дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ҳушёру зирак ва ба ҳама гуна зуҳуроти носолими ҷомеа, аз ҷумла терроризм ва экстремизм оштинопазир бошанд.

Бояд зикр кард, ки таёрии ҳарбии ҷавонон танҳо вазифаи волидону комиссариатҳои ҳарбӣ нест. Ин вазифаи муқаддасро ҳар як шаҳрванд, сохтор, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, динӣ ва одамони барӯманди маҳалла бояд дар сатҳи зарурӣ иҷро намоянд.

 

 

 

Судяи Суди ҳарбии

гарнизони Душанбе:                                             Р.Искандарзода

 

Маҷаллаи «Чархи гардун» 29.06.2016 сол.

 

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий

|