27 июн – зодрӯзи номаи тақдири мо!

imageВаҳдат барои мо як вожа ё калимаи оддӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст. Зеро нуздаҳ сол қабл, санаи 27 июни соли 2007 дар таърихи давлатдориву давлатсозии навини тоҷикон бо азму иродаи қавӣ ва аз баракати хиради азалии миллати бостонии мо рӯйдоди бузурге арзи вуҷуд кард, ки он дар тақдири минбаъдаи мардумамон гардиши куллӣ ва таҳаввули бунёдӣ гардид. Дар ин рӯзи пурфайзи таърихӣ ормони чандинсолаи халқи азияткашидаи тоҷик ба воқеият табдил ёфт, яъне дар шаҳри Москва Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва бо ҳамин ба ҷанги бародаркушӣ миёни фарзандони як миллат хотима гузошта шуд.

Ин санаи дар ҳақиқат пурнишоту ҳаётбахш дар муддати начандон тӯлонии таърихӣ дар қалбҳои мардуми мо маскан гирифта, ба рӯйдоди азизу гиромӣ табдил ёфт. Созишномаи сулҳ барои сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард ва зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд.

Ба шарофати ҳамин сулҳу субот буд, ки мо тавонистем қувваҳои мухталифи сиёсиро ба ҳам оварда, пояҳои истиқлолияти давлатиамонро таҳким бахшем ва бо нияти нек, имони комил ва иродаи қавӣ ба бунёди давлатдориву давлатсозии навини худ оғоз намоем, хатари аз байн рафтани Ватани азизамон – Тоҷикистони тозаистиқлол ва пароканда гаштани миллати куҳанбунёдамонро пешгирӣ кунем ва барои аз бӯҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ раҳо додани кишварт заминаи устувор гузорем. Имрӯз мардум ба фардои рӯзгори худ ва ояндаи Ватан дилпурона ва бо эътимоди қавӣ нигоҳ мекунанд. Зеро боз ҳам аз баракати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар имконият фароҳам омад, ки пиру барно ба ҳаёти осоишта ва бунёдкорона баргардад. Мактабу маориф, соҳаҳои иҷтимоиву тандурустӣ ва коргоҳҳо дубора ва мароми муътадил фаъолияташонро пеш баранд ва равнақ бубахшанд. Ҳамзамон бо ин, ҳоло метавонем бо ифтихор гӯем, ки сулҳу суботи тоҷикон боиси дар арсаи байналмилалӣ боло рафтани обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими нуфузу мавқеи он дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Имрӯз башарият таҷрибаи сулҳи моро мавриди дастгирӣ, омӯзиш ва истифода қарор додааст, ки он дар ҳалли проблемаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон муассир аст.

Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда мебошад. Сулҳдӯстии мо дар тӯли тамоми таърихи чандинҳазорсолаамон нишондиҳандаи ақлу хирад ва сабру таҳаммули халқамон аст, ки ин ҳам далели қотеи фарҳанги қадима ва суннатҳои созандагии мост. Бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои сахту сангине, ки ин миллати фарзона дар тамоми умри дарози худ ҳамеша рӯбарӯ гаштааст, ҳамин асолати созанда ва заковати азалиашро ҳифз кардааст. Маҳз ҳамин фазилатҳои неки азалӣ ва ифтихори миллӣ аст, ки мардуми моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдигарбахшӣ ва сулҳу оштӣ ҳидоят намуда, имрӯза роҳи моро ба суӣ созандагиву бунёдкорӣ, ободонии ватан, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими онҳо равшан мекунанд.

Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷониву амонии ҳар як шаҳрванди равшандилу солимфикр ва бонангу номуси Тоҷикистон аст, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллии ба қимати ниҳоят гарон бадастомадаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем. Инчунин вазифаи муқаддаси мост, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллиамонро ҳамеша таблиғу ташвиқ намоем, ба насли ҷавон фаҳмонем, ки он дар кадом шароит, бо чӣ мушкилот ва бо чӣ гуна қурбониҳо ба даст омадааст. Зеро фақат аз ҳамин тариқ мо роҳи худро ба сӯи эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ идома бахшида, ба хотири рушди минбаъдаи кишвари азизамон қадамҳои устувор гузошта метавонем ва дар шароити пурихтилофу пуртазоди ҷаҳони имрӯза фақат аз ҳамин тариқ симо ва мақоми арзандаи худро нигоҳ дошта метавонем.

 

 

 

Судяи Суди ҳарбии

гарнизони Душанбе

майори адлия:                                                         Хуршед Маҳмадзода

 

Маҷаллаи «Чархи гардун» 22.06.2016 сол.

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий

|