Пас аз ҳазор сол.

grc6SIbLmYI

Аслан, калимаи «Истиқлол» маънои озод будан, озод шудан, озодӣ ба даст даровардан ва ғайраро ифода менамояд. Аз ин рӯ, Истиқлолияти Тоҷикистон озод шудани Тоҷикистон ё ба озодӣ расидани Тоҷикистонро мефаҳмонад. Халқи тоҷик, ки асрҳо боз дар зери фишори мардумони ғайр зиндагӣ мекард, соли 1991 ба озодӣ расид, яъне, онҳо истиқлолияти худро пас аз давлати пуршукӯҳи Сомониён дубора ба даст овард.

Халқи тоҷик дар замони ҳукмронии давлати Сомониён бо тамоми маънӣ озод буданду озодӣ ба даст оварда буданд. Лекин баъд боз ба дасти душманони дохиливу хориҷӣ, ғазнавиёну муғулҳо, баъдтар манғитиҳо ва дар охир, дар асри ХХ русҳо ба зери итоати худ дароварда буданд. Русҳо ҳарчанд ба халқи тоҷик мухторияти республикавӣ дода бошанд ҳам, аммо тоҷику Тоҷикистонро дар ягон гӯшаи дигари Давлати Шӯравӣ намедонистанд. Пас аз ба сари давлат омадани Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷику Тоҷикистонро на танҳо дар гӯшаҳои гуногуни давлати собиқи Шӯравӣ, балки дар тамоми ҷаҳон мешиносанд ва онро қадр мекунанд. Ин аст истиқлолият, ин аст озодӣ.

Дар аввалҳои асри ХХ дар харитаи олам мамлакате пайдо шуд, ки онро давлати шӯравӣ меномиданд. Агар ин давлатро ба дарахте шабоҳат диҳем, он аз понздаҳ шохае иборат буд, ки ба як дарахт вобаста буданд.

Бо шарофати Президенти мамлакат тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаву садҳо биноҳо ва иншооти муҳим боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид. Тоҷикистон баъди истиқлолияту ваҳдати миллӣ симояшро ба куллӣ тағйир дод. Дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе биноҳои бо тарҳи замонавӣ сохта шуданд.

Тоҷикистон ҳоло дар оғози марҳилаи рушди устувор қарор дорад ва ин ба мо имкон медиҳад, ки нақшаҳои созандагиву бунёдкории худро барои даҳсолаҳои оянда тарҳирузӣ ва дар амал татбиқ намоем.

Ватани азизамон ва ҳаёти осудаи наслҳои ояндаи кишварамон аст.

Ба шарофати сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлати мо имкон пайдо кардем, ки бо таърихи миллати куҳанбунёди худ беҳтару бештар ошно шавем, решаҳои тамаддуни гузаштаро ҷустуҷӯ карда, арзишҳои фарҳанги ниёгонамонро барои таҳкими ватандустиву худшиносӣ баланд бардоштани сатҳи ифтихори миллии мардум ва тақвияти пояҳои давлати соҳибистиқлоламон васеъ истифода барем.

Истиқлолияти давлатӣ моро ба он водор намуд, ки дар  қатори ҳалли дигар масъалаҳои ҳаёти кишвар бахусус, таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ташаккули иқтисодиёти миллӣ, сохтори нав идоракунии он, таҳия ва ҷорӣ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба пойдоршавии муносибатҳои бозоргонӣ мусоидат мекунанд шуруъ намоем.

Ташкили давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ҷомеа шаҳрванди бо назардошти суннату анъанаҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои ахлоқиву иҷтимоӣ роҳест, ки онро мардуми тоҷик баъди ҷанги шаҳрвандӣ интихоб намудааст ва мо ҳамин роҳ устуворона пеш меравем.

Ин қадами муҳим барои расидан ба истиқлолияти миллӣ буд, ки хушбахтона шуд. Бузургтарин муваффақияти халқи тоҷик дар роҳи истиқлолияти комили мазкур мебошад баъди ҳазор сол, пас аз давлати Сомониён, давлатдории моро барои ҳазорсолаҳои минбаъда таъмин намуд.

 

 

 

Судяи Суди ҳарбии

гарнизони Душанбе:             Нарзуллозода Шарафҷон Нусратулло

 

Маҷаллаи «Тоҷикистон» 24.08.2016 сол.

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий

|