Сарбози гурезпо.

17-18-1b

Ҳеҷ тан додан намехоҳем, ки асри 21 асту баъзе одатҳои аз солҳои пеш мондаро аз худ дур кунем. Бо вуҷуди беҳ шудани шарту шароит дар Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳастанд нафароне, ки ба шаъни хизматчии ҳарбӣ доғ оварда, обруи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мерезонанд. Аз ҷумла, сарбози қаторӣ Абдумаҷид Каримзода Буриён ҳеҷ фикр намекунад, ки замона дигар шудаасту ӯ ҳам бояд дигар шавад.

Сарбози қаторӣ Абдумаҷид Каримзода Буриён 27 – уми ноябри соли 2015 аз тарафи комиссияи даъватии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шуда, барои адои хизмати ҳарбӣ ба қисми ҳарбии 08145 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шудааст. Бо фармони командири қисми ҳарбии мазкур аз 2 – юми декабри соли 2015, №34 Абдумаҷид К.Б. ба рӯйхати ҳайати шахсӣ ва ҳамаи намуди таъминот мононда шудааст. Хизматро дар қисми ҳарбии мазкур адо карда истода, сарбози қаторӣ Абдумаҷид К.Б. даст ба содир намудани ҷинояти вазнин задааст.

Ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ сарбози қаторӣ Абдумаҷид К.Б. дар асоси фармони командири қисми ҳарбии 08145 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 – уми сентябри соли 2016, №63 ба ҳайати наряди қаровули дохилии қисми ҳарбии мазкур ҷалб гардида, ба ӯ барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ як адад силоҳи оташфишони тамғаи АКМС таҳти №810153 бо ду тирдон ва 60 дона тири қутраш 7,62 мм вобаста карда шудааст. 14 – уми сентябри соли 2016 тахминан соати 24:40 дақиқа сарбози қаторӣ Абдумаҷид К.Б. ҳангоми посбони постгоҳи №2 буданаш қасдан бо мақсади саркашӣ намудан аз адои хизмати ҳарбӣ бо силоҳи оташфишони тамғаи АКМС таҳти №810153 бо ду тирдон ва 60 дона тири қутраш 7,62 мм, ки ба ӯ барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ бовар карда супорида шуда буд, худсарона маҳалли хизматашро тарк намуда, ба самти номаълум ғайб задааст. Худи ҳамон рӯз тахминан соати 13:50 дақиқа дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ – ҷустуҷӯӣ сарбози қаторӣ Абдумаҷид К.Б. аз ҷониби кормандони фаврии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир гардида, аз ӯ силоҳи оташфишони мазкур бо ду тирдон ва 60 дона тири қутраш 7,62 мм ёфта гирифта шудааст.

Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ – баллистикӣ ва кимиёвӣ таҳти №405/406 аз 22 – юми сентябри соли 2016 автомати «Калашников», тамғаи АКМС таҳти №810153, бе соли барориш ба патронҳои бо миқдори 60 дона аз ҷиҳати техникӣ ба талабот ҷавобгӯй буда, барои истифодабарӣ коршоям мебошанд.

Абдумаҷид К.Б. бояд бо сари баланд хизмати Ватанро адо намуда, ба пеши падару модараш мерафт, аммо ӯ ба худ хулосаи даркорӣ набароварда, даст ба чунин категорияи ҷинояти вазнин задааст.

Ниҳоят, Абдумаҷид Каримзода Буриён дар таърихи 10 – уми октябри октябри соли 2016 аз рӯи моддаи 375 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 3 (се) сол маҳрум гардидааст.

 

 

 

Судяи Суди ҳарбии

гарнизони Душанбе

подполковники адлия:                      Маҳмадзода Хуршед Бобохон

 

Маҷаллаи «Фараж» 23.11.2016 сол.

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий

|