ДИФОИ ВАТАН ФАРЗ АСТ

1020626647

 

 

Зиндагонӣ нест душманро ба мулки хеш дидан,

Бояд аз тан ҷони ман ё аз Ватан душман барояд.

Мардии ин халқро бингар, ки дар майдон аз онҳо,

Бебародар гар касе афтод, ба ҷояш хоҳар ояд.

                                                                                                                          Лоҳутӣ

 

 

 

Ҳар сол ду маротиба; даъвати баҳору тирамоҳ ба фармони Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони синнашон барои хизмати ҳарбӣ расида оғоз мегардад, маҳз дар ҳамин давра ташвишу тарадуди масъулони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияи кишвар, бахусус кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ, ҷамоатҳо як бар даҳ меафзоянд. Дар ҳокимиятҳои давлатии маҳаллӣ ситодҳо ташкил карда мешаванд, ҳар бегоҳ масъулон аз равишу натиҷаи даъвати ҷавонон иҷрои нақшаи ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ ба раиси ноҳияҳо, шаҳракҳо гузориш медиҳанд. Дар тӯли як – ду моҳ нақлиёт афроди бисёре баҳри дастгир кардани ҷавонони кӯчаву бозор, истгоҳҳо сафарбар мешаванд. Агар ҳамаи азму ҷидол ташкили ситоду сафарбаркунии масъулон дар давоми сол ҷоннок мегашт, дар мавсим ҳоҷат ба ин такудавҳои бемаънӣ, ҷалби иҷбории ҷавонони мариз, маъюб, тасодуфӣ намемонд, боиси шармандагии сохтор, давлатдорӣ намегашт. Ба андешаи ман аз тарафи масъулони сохторҳои воломақоми вазорат, раёсатҳо дар ин бобат таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи олам бояд ба назар гирифта шавад, зеро ҳифзи ватан, сарбозӣ раванди нав набуда, таърихи чандҳазорсола дорад. Мавриди зикр аст, ки айни замон шароити буду бош дар қисмҳои ҳарбӣ нисбати 5 – соли қаблӣ хеле пешрав шудаву беҳбуд ёфтааст. Либосу пойафзоли низомии онҳо шароити таъмини ғизо, ҷойи хобашон ба шарту шароити меъёрҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ аст. Афсарон бо волидони сарбозон алоқаи зич доранд, қумондонҳор ҷаҳд менамоянд, ки ҳаводиси нохуши лату кӯби наваскарон ба қавле (дедовшина) аз байн биравад. Сарбозон дар муддати хизмат дар баробари машқу тамрин омӯзиши сохт ва истифодаи силоҳу лавозимот, муҳиммоти ҷангӣ боз забонҳои хориҷӣ, касбҳои ронандагиву бинокорӣ, муҳандисии соҳаи алоқаро меомӯзанд, баъди хатми хизмат барои дохил шудан ба мактабҳои миёнаи махсус, олӣ имтиёзҳои зиёде доранд. Аз сарбозон тақозо мешавад, зеҳни тез, фаросат ва шавқе беандозаи омӯзиш, тамрин дошта бошанд, то хатари душманро аз болои хонаҳои хеш, маҳаллу кишвар ҳар лаҳза дур созанд. Дар филми машҳури «Сесад ҷанговари Спартак» қаҳрамони асосӣ Леонид ба ҳамсафонаш муроҷиат карда мегӯяд:  «Агар ҳар яки мову шумо, беистисно, ҳар ваҷаби замини Юнонро аз они худ надонем, ваҳдату якпорчагии ватанамон зери суол қарор мегирад». Достонҳои «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ саропо аз таъкиди ҳифзу Ватан, марзу бум ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, амнияту офияту баракати рӯзгор, тандурустӣ, хоби хуши волидон, кӯдакон иборат аст. Оре, ба ҷавонони мо зарур аст, ки аз ин осори гаронбаҳо сабақ гиранд, лашкари машқдидаву боқувват кишварро ҳифз карда метавонад. Имрӯз, ки вазъияти олам ноором аст, ҳар навъ гурӯҳҳои террористию экстремистӣ фаъол мешавад, тақдири сулҳу субот, бехатарии мову шумо сари як рӯй қарор мегирад, қазияи хизмати ҳарбӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ аҳамияти бештареро касб менамояд. Мабодо неруи бадхоҳе ногаҳон амният, оромии моро халалдор карданӣ шавад, лашкар бояд зираку ҳушёр ва бедор бошанд. Яъне, ҳама умед ба лашкар аст ва бо ҳамин умед мардум фароғат доранд. Шоири бузург Фирдавсӣ дар бобати масъулияти ватандорӣ менависад:

 

 

 

Нигоҳ кун бад-ин лашкари номдор,

Ҷавонони шоистаи корзор.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

 

 

 

Хизмати ҳарбӣ, ки онро масъулияти шаҳрвандӣ низ ном мебаранд кори осон нест. Дар шабҳои дарозу сарду қаҳратун, дар гармои тамуз марзу бумро посбонӣ бояд кард, то волидон, хешу табор, ҳамдиёрон бофароғат дошта, бемалол кору фаъолият намоянд, донишу таҷриба андӯзанд. Хизмати ҳарбӣ пеш аз ҳама мактаби мардонагӣ, боиси ташаккул, обутоби ҷисмонии ҳар фарди ҷавон аст. Матонат, сабурӣ, омӯхтани мустақилият дифои нангу номус сабақи ин мактаб тамоми умр ба мардон зарур аст. Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон танҳо кори комиссариатҳо нест, ҳама ҷомеъа, сар карда аз волидон, омӯзгорон, хешу табор, роҳбарони корхона, муассиса бояд барои омодагии дифои ҳарбӣ ҷавонон кӯшиш намояд. Дифои марзу бум, волоияти қонун, муқаддасоти миллӣ, заҳматҳои абармандони миллатро барояшон талқин намояд. Бале, фаҳмонанд, ки Восеи қаҳрамон, Деваштичи диловар, Темурмалику Шераки қаҳрамон низ барои хешу пайвандонашон азиз буданд, аммо дар лаҳзаи зарурӣ ҷоннисориҳо карданд. Оё Рустам Амакиев дар айни ҷавонӣ зиндагиро дӯст намедошт? Ӯ ҷони азизашро дареғ надошта, бар алайҳи неруҳои генерали исёнкор А.Назарзода ҷангид. Набудани шеваи дурусти тарғибот, корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия, масъулони ҷамоатҳо, аҳли ҷамъиятчигӣ, волидон боиси саркашии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ ва бо роҳи иҷборӣ ҷалб кардани онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Чун айёми даъвати ҷавонон ба сафҳои артиш оғоз мегардад, манзараи сарду сайёд дар ҷанҷол рӯ меояд. Ба қавле дар чорроҳаҳо домҳо мегузоранд, баъзан ба ҳавлиҳо шабохун мезананд, ҷавонони роҳгузару тасодуфро аз кӯчаву бозор вокзалҳо, ҷашни маросим дошта иҷборан ба хизмат мефиристанд. Ин саҳван, таваккалӣ ба лашкар ҷалб кардани даъватшудагони мариз, хароҷоти қисмҳои ҳарбӣ дар табобати онҳо, бозгашти наваскарони бемор ба хонадон, норозигии волидон, хешу табори онҳо қонуну қонуният, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат боиси муҷозот гаштани масъулон мегардад, ки аз ин бадтар коре дар раванди тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ шуда наметавонад. Кормандони аксари комиссариатҳои ҳарбӣ дар давоми сол баҳри омода, ҳавасманд сохтани ҷавонон талоши арзанда надоранд, тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд ва ин саҳлангориҳо боиси бадномии артиш, кори муқаддас – дифои Ватан, боиси сархамии дигар кормандони соҳа мешаванд. Кишвари мо дар остонаи истиқболи 25 – солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад.

 

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки ба умқи тафаккури ҷомеа, аслан ҷавонон, ки ояндаи миллатанд, моҳияти истиқлол, дастовардҳои онро ворид созанд ва барои омодагии ҷавонон, ҳавасмандии онҳо барои дифои марзу бум, тадбирҳои судманд андешанд. Дар сафҳои лашкар ҷавонони ахлоқан наку, ватандӯст, солиму ҷасур заруранд. Чи тавре мегӯянд: Лашкари гурусна, бемор, заиф асир аст. Ба мақоми мазкур зарур аст, ки имтиёзҳои сарбозону афсарони хизматкардаро бештар намоянд, дар қалби наваскарон меҳру муҳаббати ватандӯстӣ бояд аланга занад. Агар шахсе бо меҳри беҳудуд дар пайи амале саъй намояд, душвориҳои кор барояш наметобад, балки роҳатафзоанд. Яъне, дар замири наврасони кишвар ҳиммати баланду мардонагиро парвариш бояд кард. Ғалабаи лашкар аз теъдоди зиёдаш не, аз далерӣ, ҷасорат ва донистани равишу усулҳои муҳими ҷангӣ вобаста аст. Чи тавре аз таҳлилҳои парвандаҳои судӣ бармеояд дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои кишвар баъзан афроди тасодуфӣ сари мансаб меоянд, ки ба маънои ин андешаҳои воло сарфаҳм рафта наметавонанд, худ ва ҷомеаро бадном месозанд. Дар раванди ташвиқоту тарғибот ва ҳидоят ба дифои марзу буми Ватан, кишвари тозаистиқлоламон Тоҷикистон масъулони шаҳру навоҳии кишварро зарур аст, аз заковат, хираду дониш, таҷрибаи волидони намуна, омӯзгорони варзида, аҳли илму адаби маъруфи кишвар, рӯҳониёни ватандӯст, солимфикр, афсарону сарбозони аз хизмат баргашта самаранок истифода баранд. Айни замон, ки аз ҷониби кулли ҷавонон иҷрои фарзу суннатҳои дини мубини Ислом вусъат меёбад, ҷавонони зиёде ба масҷидҳо мешитобанд яъне, маъвизаи имомхатиб метавонад василае неруманде бошад пешгирии ин падидаҳои номатлуб онҳо аз гумроҳӣ, терроризм, ифротгароӣ, ҷалби ҳарчи бештар ба хизматӣ ҳарбӣ, касбу ҳунар, донистани фароизи ватандорӣ, меҳнати ҳалол, меҳру шафқат ва тарбияи инсонгароӣ. Имомхатибони закӣ миёни мардум, ҳам дар масҷид, ҳам дар маросими динӣ бояд дар баробари талаби иҷрои ҳатмии намоз, рӯза, закот, фарз будани ҳифзи марзу бум, хонаву дарро, ки аз фароизи муҳими бандагиву инсонист, талқин намоянд. Дар ин росто бояд онҳо аз ҳадис, фармудаҳои Худову Расул, истифода намоянд. Дар баробари ин бояд китобҳои муқаддаси динӣ омӯзиши осори адибони машҳури олам чун Рӯдакиву Фирдавсӣ, Сайидову Ҳофиз, Ҷалолиддини Балхиву Муҳаммад Иқбол, Донишу Айнӣ дар машғулиятҳои сиёсӣ омӯзонда шаванд.

 

Дар зер як лаҳзаи ғамангези мурофиаи судӣ чун далели фарҷоми хунукназарии масъулини мазкур пешниҳод мегардад:

 

 

 

МАЪЮБ ДАР САФИ АРТИШ

 

 

 

Дар гардишҳои тақдир баъзан ҳаводисе ба вуқӯъ мепайванданд, ки ба гӯшаи хаёли кас намеояд. Яъне, мо дар чӣ хаёлу фалак дар чӣ хаёл аст. Оре, баъзан бо дахли фарди ноогоҳе корвони орзуҳои шахсе дар нимароҳ дар мемонад. Сокини ноҳияи Рашт Холов Имомиддин Ҳумайриддинович, ки ба чунин ҳолати нохуш мувоҷеҳ гашт, аз ин зумра аст. Ӯро солҳои зиёд бемории музмини гломерулонефрити намуди омехтаи гурда азоб медод. Дарду ранҷи шадид баҳори гулфишон орзуҳои ҷавонии ӯро хазон месохт. Ба вуҷуди саъю талоши волидон бо хешу табор духтурони ноҳия дарди бедаво аз тану ҷони ҷавони ӯ дур намегашт. Бо ҳамин мактаби қишлоқро хатм карда ният кард, ки ба пойтахт сафар кунад, ба назди табибони ҳозиқ медарояд, дар пайи беҳдошти тандурустиаш кӯшиш кунад. 16-уми апрели соли 2015 ба ҳамдеҳааш Давлатхӯҷа Хоркашов ба Душанбе расиданд, дар маҳаллаи Шамсӣ, гардиши истгоҳи маҳаллаи 82-юм аз мошини мусофиркаши тамғаи «Старекс» фаромаданд, шахсони ношиноси либоси низомипӯш пеши роҳи онҳоро гирифтанд, ҷавонон ҳайрон мешуданд ва дар аввал гумон мебурданд, ки мабодо онҳоро ба нафари дузду ғоратгар монанд карда бошанд.

 

- ман майор Сафаров Муродалӣ, Сардори зершӯъбаи даъвати тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии ноҳияи Сино, ин кас Аллоев Алохӯҷа, ин кас Сӯфизода – кормандони мо, муаррифӣ кард майор.

 

- мо чӣ гуноҳ кардем? пурсид Имомиддин.

 

- гуноҳи Шумо аз хизмати Модар – Ватан, ки қарзу фарз аст саркашӣ кардан аст, пеш дароед, то ҷавонон ба худ омаданд, ки аз дасташон кашида ба мошин бор намудаву ба комиссариати ҳарбии ноҳия оварданд.

 

- ман бемор ҳастам барои ташхис ба Душанбе омадаам, ҳеҷ гоҳ аз хизмат гурехтанӣ нестам, маро раҳо кунед, — тавалло дошт Имомиддин.

 

- Имомиддин рост мегуяд, вазъи ҳолаш ноҷур аст бо мушкилӣ ба шаҳр расид, — гуфт ҳамроҳаш Давлатхӯҷа.

 

- хомӯш бошед, духтурон муайян мекунанд, ки шумо касал ҳастед ё сиҳат! — бонг зад Муродалӣ Сафаров, баъд ба кормандаш Дилафрӯз Шарифова гуфт:

 

- зуд парвандаашонро пур кунед, онҳоро ба поликлиника мебарем.

 

Даъватшудагони дастгиршуда 8 нафар буданд. Чун барои ташхиси аз дастгоҳи ултрасадо (узи) гузаштанд Имиддинро ба назди духтур Матлуба Акрамова дароварданд.

 

- Мавсуф, ки аз соли 2009 то 10-уми августи соли 2015 дар Беморхонаи шаҳрии №5 вазифаи мудири шӯъбаи гастроэнтрологиро иҷро менамуд айни замон дар ин беморхона ба ҳайси духтури табобатӣ фаъолият дошт. 16.04.2015 сол мудири шӯъбаи кардиология Б.Д.Назаров аз ӯ хоҳиш кард, ки бо сабаби бад будани тандурустиаш ба ҷойи ӯ дар комиссияи ҳарбии комиссариати ҳарбии шаҳрӣ ба ҳайси духтури амрози дарунӣ ширкат варзад. Ҳамин рӯз соати 17 ба 18 ба назди ӯ Имомиддинро дароварданд. Ӯ аз ҷавон вазъи саломатиашро мепурсад ва аз ташхиси ултрасадо мегузаронад фишори хунашро месанҷад таҳлили пешобашро мебинад. Ба Ҳамза ном корманди комиссариат мегӯяд:

 

- ду маротиба фишори хуни Имомиддин Холовро санҷидам, ду дараҷа кам 160/90, боз тибқи ташхиси фаросавти гурдаҳояш иллатианд ӯ бемор аст барои хидмат мувофиқ нест, ҳарду гурдааш дарманд аст.

 

- бояд дар парванда ин ҷавонро сиҳату саломат нависӣ, корат ба дигар тарафаш набошад! – дӯғ мезанад Ҳамза Насибов ба сари духтур Акрамова, аммо духтур рад мекунад. Аллоев Алохӯҷа ду варақаи холии ташхисро аз болои миз гирифта, Имомиддинро дуртар мебарад, таъкид менамояд, ки аз ташхиси дигар духтур мегузаронад, дар даҳлез мунтазир шавад ва Алохӯҷа рафта имзои ким-кадом духтуронро мегираду бармегардад. Хулоса, тибқи таҳлилҳои духтурон дар як лаҳза Имомиддин Холови бемор сиҳат саломат дониста ва соати 20 ба комиссариати ҳарбии шаҳрӣ оварда мешавад. Дар инҷо бори дуюм аз назорати духтурон мегузарад. Духтури касалиҳои дарунӣ Матлуба Самадова бори дуюм фишорашро санҷида гуфт, ки он хеле баланд аст, саломатии ҷавон хуб нест, таҳлилҳои пешоби хунаш низ манфӣ мебошанд. Корманди комиссариат боз ба назди Матлуби Самадова бармегардад ва аз ӯ илтиҷо мекунад, мегӯяд, ки духтурони комиссияи комиссариати тиббии ноҳияи Сино имзо гузоштанд, мавсими даъвати ҷавонон ҷамъбаст мешаваду аммо комиссариати ноҳияи онҳо то кунун нақшаро иҷро накардаанд, агар ҳамин 8 нафарро ба қисмҳои ҳарбӣ бифиристанд кори онҳо сабук мешавад.

 

Матлуба Самадова бархилофи моддаҳои 21, 24 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» амал намуда ғайриқонунӣ солим ва қобил ба хизмати ҳарбӣ будани Имомиддин Холовро тасдиқ мекунад, муҳр мегузорад. Ҳамчунин Абдукарим Тағоймуродович, ки аз соли 1995 чун муовини директори Маркази саломатии шаҳрии №2 фаъолият менамояд ба ҳайси мутахассиси духтури касалиҳои даруна дар ҳайати комиссияи тиббӣ моддаҳои қонуни дар боло зикршударо вайрон карда, нисбат ба вазифаи ишғолкардааш хунукназарона рафтор карда, даъватшаванда Имомиддин Холовро ба таври дақиқ ва дахлдор муайян накарда, бемории музмини ӯро ошкор насохта, рӯйрост дар варақаи тиббии даъвати ташхисӣ солим эътироф мекунад, ҳуқуқи манфиати мавсуфро поймол кард. Ҷавони мариз ба хизмат ба қисми ҳарбии 2548 СҚС КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Хоруғи ВМКБ фиристода шуд. Ӯ дар қисми ҳарбии мазкур аз 29-уми апрели соли равон адои хизмат намуд. Ҷисми заифи ӯ ба талаботи машқҳои низомномаҳои ҳарбӣ тоб наовард,  ӯро дар ҳолати вазнини тандурустӣ ба госпитали марказии шаҳри Душанбе фиристоданд. Баъди ду шабонарӯз чун аҳволаш беҳ нагашт, беморро ба беморхонаи Қарияи Боло интиқол доданд. Баъди 2 шабонарӯз бо талоши табибон ба худ омад, баъд ӯро ба госпитали мазкур бурда хобониданд. Санаи 2-юми сентябри соли 2015 бо ташхиси бемории гламеронифрити музмин пеш аз мӯҳлат аз адои хизмат озод карданд. Аллоев Алохӯҷа, Насибов Ҳамза ва Сафаров М.Ш. санаи 17.05.2015 сол ба мақсади ошкор нашудани ин далелҳои қалбакӣ зимни санҷиш маълумотномаҳои И.Холовро даронда партофта таҳлилҳои тиббии дигар даъватшавандаҳо, аз ҷумла аз Баротов Сайдамир таҳлили пешоб (аз 12.04.2015 сол №9), Абдубоқиев Ҳикмат таҳлили хун (аз 11.07.2015 сол №6)-ро ба парвандаи И.Холов илова менамоянд.

 

Дар мурофиаи судӣ, ки рӯзи 2-юми марти соли 2015 аз тарафи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе баргузор гардид, парванда бо айбдории Толибов Абдукарим Тағоймуродович, Самадова Матлуба Ғаниевна, Сафаров Муродалӣ Шералиевич, Аллоев Алохӯҷа Холович баррасӣ шуд.

 

Суд далелҳои дар парвандаи ҷиноятӣ мавҷудбударо санҷида пурсиши айбдоршавандагон, шоҳидон, қонуншиканӣ нисбат ба вазифаи ишғолкарда, хунукназарона рафтор кардан, омода сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакиро дар рафтори шахсони номбурда ошкор ва муайян сохт. Бародари ҷабрдида Имомиддин Холов, яъне Холов Н.Х. ба ҳайси шоҳиди иловагӣ дар мурофиаи судӣ баён намуд, ки аҳволи бародари бемораш баъди якбора ба сафи артиш бурда шудан, хеле вазнин шуд, доим дар зери назорати духтур қарор дорад. Рафторҳои ғайриқонунии кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия ӯро ба мушкилии иқтисодии оилавӣ рӯ ба рӯ сохт, ҳоло онҳо имкони табобати ӯро надоранд. Ҳангоми таъин намудани ҷазо намуд ва мӯҳлати он, дараҷаи хавфнокии он ба ҷомеъа, шахсияти судшавандаҳо ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазоро бо инобат гирифта ба судшавандаҳо чунин ҷазоҳоро раво донист: ба Толибов А.Т. санаи таваллудаш 8.02.1969 сокини ноҳияи Фирдавсӣ маҳаллаи 13 ҳуҷраи 12 ҷавобгар бо моддаи 322 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 120 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 4800 сомонӣ, Самадова М.Г. бо моддаи 322 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 120 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 4800 сомонӣ ба фоидаи давлат, ба Сафаров М.Ш. санаи таваллудаш 3.11.1968 сокини ноҳияи Варзоб оиладор соҳиби 3 фарзанд бо моддаҳои 391 қисми 1 ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда дар асоси моддаи 67 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо ҷазои ниҳоӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 260 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 10400 сомонӣ ва ба Аллоев А.Ҳ. санаи таваллудаш 26.02.1979 сокини шаҳри Кӯлоб маҳаллаи Борбад ҳуҷраи 34, оиладор соҳиби 3 фарзанд бо моддаҳои 391 қисми 1 ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда дар асоси моддаи 67 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маҷмӯи ҷиноятҳои ҷазои ниҳоӣ бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо ҷазои ниҳоӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 260 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 10400 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин гардид.

 

 

 

 

 

 

 

И.в.Раиси Суди ҳарбии

 

гарнизони Душанбе

 

полковники адлия:                                                                                                                                                                               Давлатзода Хусрав Лутфулло

 

 

 

Маҷаллаи «Душанбе» соли 2016 №6.

 

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий

|