Хизмати ҳарбӣ ҷои ҷиноят нест!

 

Хизмати ҳарбӣ ҷои ҷиноят нест!

        Шахсе, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст, бояд ба Ватани азизамон содиқона хизмат кунаду бо сари баланд ба пеши падару модараш баргардад, на ин ки даст ба ҷиноят занаду шаъну шараф ва номуси ҷавонмардиашро паст намояд.

       Мисол: Сарбози қаторӣ Ҳалимов Ҷаҳонгир Ширинович аз рўи маслиҳати пешакӣ бо сарбозони қаторӣ Тоиров Ҳомидxон Амирбекович ва Паҳлавонов Суҳроб Бекмуродович бар хилофи талаботҳои моддаҳои 13, 16 ва 64–и Оинномаи хизмати дохилаи Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 4, 5, 6-и Оинномаи интизомии  Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтор намуда, санаи 15 декабри соли 2017, тахминан соати 14:40 дақиқа бо мақсади нишон додани бартарияти худ дар байни дигарон, муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ вайрон намуда ҳамхизматони худ сарбозони қаторӣ Исмоилов Шаҳбоз Абдунасимович ва Луқмонзода Наврӯз Ҷамолхонро бо баҳонаи оне, ки онҳо сарбози қаторӣ Сафаров Баҳром Маҳмадшарифовичро латукӯб намудаанд, дар назди ҷои сигоркашии сарбозон номбурдагонро мавриди латукӯб қарор дода ба онҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидаанд.

Мувофиқи хулосаи коршиноси судӣ-тиббӣ таҳти №06 аз 25.01.2018 сол дида мешавад, ки дар бадани сарбози қаторӣ Луқмонзода Наврӯз Ҷамолхон ҷароҳати ҷисмонӣ дар намуди латхӯрии бофтаҳои мулоими гирди чашми чап, захми латхӯрдаи абрӯи чап, контузияи себаки чашм (дараҷаи сабук) дарёфт карда шуд, ки ин ҷароҳат мансуби зарари сабук ба саломатӣ мебошад.

Мувофиқи хулосаи коршиноси судӣ-тиббӣ таҳти №07 аз 26.01.2018 сол дида мешавад, ки дар бадани сарбози қаторӣ Исмоилов Шаҳбоз Абдунасимович ҷароҳати ҷисмонӣ дар намуди хуномоси мавзеи оринҷи дасти чап ва харошаҳои мавзеи китфи чап дарёфт карда шуд, ки ин ҷароҳат мансуби зарар ба саломатӣ нест.

Бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 14.03.2018 сол сарбозони қаторӣ Ҳалимов Ҷаҳонгир Ширинович, Тоиров Ҳомидҷон Амирбекович ва Паҳлавонов Суҳроб Бекмуродович дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 373 қисми 2 бандҳои «б,в» Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба онҳо бо ин қисми мода ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 (ду) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шуд.

 

                             Муовини раиси Суди

                            ҳарбии гарнизони Душанбе

                            полковники адлия                                                                                                                              Давлатзода Х.Л.

 

 

 

 

 

 

 

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий

|