Ишғоли худсаронаи замин ва бунёди оғилхона

 Миёни ҷомеа ҳастан нафароне, ки ҳангоми иҷрои амали оқибатҳои онро намеандешанд. Шаҳрванд Раҳмонов Абдуғафор бояд фикри оилаашро мекарду даст ба ҷинояти сохтмони худсарона намезад.

             Шаҳрванд Раҳмонов Абдуғафор Ҷаборович истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷамоати деҳоти Лоҳур, деҳаи Терак буда, тахминан моҳи марти соли 2007 ва апрели соли 2012 дар суроғаи мазкур қитъаи замини ба хоҷагии ёрирасони ҳарбии «Душанбе»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таалуќ доштаро дар майдони 1700 метри мурабаъ (0,17 га) ишғол намуда, дар он худсарона манзили истиқоматӣ  ва бинои ёрирасон бунёд кардааст. Номбурда аз кирдорҳои қаблан содирнамудаи худ хулосаи зарурӣ набароварда, дар дохили ҳамон қитъаи замини худсарона ишғолнамудааш моҳи майи соли 2017 бар хилофи талаботҳои моддаи 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки замин, сарватҳои зери заминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами наботот, ҳайвонот ва дигар бойгарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад ва моддаи 22-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаи замин дар Ҷумҷурии Тоҷикистон ба шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ аз ҷониби маќомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода мешавад амал карда, дар суроғаи деҳаи Терак, Ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рўдакӣ ки дар суроғаи мазкур заминҳои хоҷагии ёрирасони ҳарбии «Душанбе»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, бе иҷозатнома ва ҳуҷатҳои расмӣ дар майдони 292 метри мурабаъи замини хоҷагии мазкурро ғайриқонунӣ худсарона ишғол карда, дар онҷо оғилхона бунёд кардааст.

Мувофиқи хулосаи мутахассисонаи Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ қитъаи замини болозикршуда аз рӯи харитаи заминистифодабарии хоҷагии ёрирасони ҳарбии «Душанбе» Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарҳи 7 ҷойгир буда, ба заминҳои кишоварзӣ (чарогоҳ) мансуб мебошанд.

Бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 05-уми апрели соли 2018 Раҳмонов Абдуғафор Ҷаборович бо моддаи 338 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин ќисми модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 365 (сесаду шасту панҷ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 18250 (ҳаждаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ) сомонӣ таъин карда шуд.

 

  

                                        Судяи суди ҳарбии

                                         гарнизони Душанбе    

                                         майори адлия:                                                                                                                                  Рустамзода М.Р.

 

 

 

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий

|