Солона 4,9 миллион нафар аз заҳри тамоку мефавтанд

Солона 4,9 миллион нафар аз заҳри тамоку мефавтанд.

            Никотини таркиби тамоку ба узвҳои ҳозима, нафаскашӣ, рагҳои хунгард таъсири манфӣ расонида, боиси сар задани бемориҳои илтиҳоби меъда (гастрит), захми меъда, бронхит, зиққи нафас (астма), саратони шуш ва сактаи дил мегардад. Дар хусуси таъсири манфии никотин дар моддаи 1-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» чунин зикр шудааст: «никотин-моддаи таркиби тамоку (алкалоиди дар таркиби растаниҳои оилаи «Никотиана» мавҷудбуда), ки боиси гирифтор шудани шахс ба бемориҳои гуногун, аз ҷумла сактаи дил, сактаи майна ва саратон мегарданд».

Зарарҳои тамокуро ба инобат гирифта, бисёр кишварҳо дар сатҳи ҳукуматӣ маъракаи васеи мубориза бар зидди тамокукаширо ба роҳ мондаанд. Масалан, то солҳои 50-уми асри гузашта ҷамъиятӣ  мамнуъ эълон шуд, дар зарфи се моҳ шумораи даъвати хизматӣ «Ёрии таъчилӣ» вобаста ба сактаи дил ва сактаи майна 15 фоиз кам гардид. Ҳаёти шахсони зиёде танҳо ба ҳамин як чораҷӯӣ, ки аз буҷет ягон хел маблағ талаб намекунад, наҷот дода шуд. Вобаста ба ин тадбир дар банди якуми моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» чунин омадааст: «Истифодаи маҳсулоти тамоку, аз ҷумла чилим, нос ва сигори электронӣ дар дохили биною иншоот, инчунин дар ҷойҳои зерин қатъиян манъ аст:

-   дохили бино ва ҳудуди муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  фарҳангӣ,варзишӣ, сайёҳӣ, динӣ ва илмию таълимӣ;

-   дохили биноҳои маъмурӣ, утоқҳои кории ташкилотҳои  давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

-   дохили иншооти муассисаҳои хӯроки умумӣ (тарабхона, ошхона, чойхона, қахвахона, буфет ва ғайра);

-   дохили бинои осоишгоҳҳо ва иншооте, ки дар онҳо чорабиниҳои чамъиятӣ ва фарҳангию фароғатӣ гузаронда мешаванд;

-   дохили бинои меҳмонхонаҳо ва хобгох,;

-   дохили хама намуди нақлиёти чамъиятӣ, аз чумла таксӣ, истгоҳои барои накриёти чамъи­ятӣ таҷҳизонидашуда, биноҳо ва дар ҳудуди фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва нақлиёти автомобилӣ;

-   майдончаҳои кудакон;

-   наклиёти истифодаи шахсӣ, ки дар он кудакони то 16-сола ҳузур доранд;

-   даромадгоҳҳи биноҳҳои истиқоматӣ, лифт, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва биною иншооти дигаре, ки барои одамон дастрас мебошад».

Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки новобаста аз манъ будани истифодаи маҳсулоти тамоку дар ҷойҳои зикргардида, иддае бепарво носу сигор мекашанд. Маълум аст, ки онҳо аз муқаррароти қонуни мазкур огаҳӣ надоранд. Ҳол он ки, тибқи моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Барои огоҳонидани аҳолӣ аз зарарҳои оқибати нохуши тамокукашӣ корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бояд дод. Бо ин мақсад моддаи 7-и қонуни зикршуда ба тарғиби зарари истифодаи маҳсулоти тамоку бахшида шу­дааст. Дар банди якуми моддаи мазкур аз ҷумла чунин омадааст: «Мақомоти ваколатдори давлатӣдар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм, варзиш, сайёҳӣ ва оид ба дин вазифадоранд, тавассути воситаҳои ахбори омма, филмҳои таълимӣ, воситаҳои аёнӣ ва буклету расмҳо иттилоотонии аҳолиро оид ба зарари истифодаи маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон ва оқибатхои ногувори он ба генофонди миллӣ мунтазам ба роҳ монанд».

Ҳар сол дар аксар мамолики Ҷаҳон 31-уми май Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку қайд карда мешавад. Вобаста ба ин маҳфилҳои зидди тамокукашӣ баргузор шуда, тарзи солими ҳаёт таблиғ мегардад. Боварӣ дорем, ки дар ҷумҳурии мо низ Рӯзи ҷаҳонии бидуни та­моку ба як маъракаи самарабахши таблиғи тарзи солими ҳаёт табдил меёбад.

 

                                                     Судяи суди ҳарбии

                                                      гарнизони Душанбе    

                                                      майори адлия:                                                                                                                   Шарифзода Р.Ҳ.

 

 

 

Вы можете оставить комментарий, или ссылку на Ваш сайт.

Оставить комментарий

|