Архивы рубрики ‘Нашрия’

ДИФОИ ВАТАН ФАРЗ АСТ

    Зиндагонӣ нест душманро ба мулки хеш дидан, Бояд аз тан ҷони ман ё аз Ватан душман барояд. Мардии ин халқро бингар, ки дар майдон аз онҳо, Бебародар гар касе афтод, ба ҷояш хоҳар ояд.                                       […]

Ҳомии қонун ва адолат.

Кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ масъулияти баланде ба дӯш доранд. Онҳо шабу рӯз барои тантанаи адолат, пешгирии қонунвайронкунӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардум саъй мекунанд. Натиҷаи чунин фидокориҳо аст, ки мардум рӯзгори осоишта доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир […]

Ҷомеа – иморат, оила – хишти он. Ободии Ватан аз ободии оила ибтидо мегирад.

Солҳои охир афзудани ҳодисаи вайроншавии оилаҳо боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидааст. Сардори давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба ин мавзӯъ чунин таъкид намудаанд: «Пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол то сол зиёд мегардад, ташвишовар мебошад. Мувофиқи маълумоти оморӣ соли 2014 аз 95500 ақди никоҳи ба қайд гирифташуда […]

Ҳайфи умри ҷавон. Як рафтори ношоям се ҷавонро паси панҷара бурд.

Хизмат ба Ватан барои ҳар нафар фарз аст. Ҷавонон хизмати ҳарбиро сарбаландона адо мекунанду ба пеши падару модарашон бармегарданд. Аммо ҳастанд нафароне, ки ҳангоми хизмат даст ба ҷиноят мезананду умри ҷавони худро зоеъ месозанд. Чунончи, хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 23441 Вазорати мудофиа, қаториҳо: Ш.Шарипов, О.Ҳайдаров ва Баҳодурҷони Латифзода дар рафти хизмати ҳарбӣ қоидаҳои Оинномавии

Оқибати «упор лёжа».

Хизматчии ҳарбӣ, қаторӣ Ниёзов Зоир Қурбонович дар бахши сеюми мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил карда истода, қасдан муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳоро вайрон намуда, бо мақсади ба саломатӣ расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ, дар чунин ҳолатҳо даст ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин задааст: Чунончи,

Тири ҳамсинфони нашъаҷалоб хок хӯрд.

Д.М.Ҳасанов ва М.Ш.Одинаев дар яке аз мактабҳои миёнаи собиқ райони Москва ҳоло ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар як синф мехонданду бо ҳам дуст буданд. Дӯстмурод Муродович Ҳасанов баъди хатми мактаб ба ягон мактаби олӣ, коллеҷу литсейҳо нарафта, майнаи сарашро об накарда, роҳи осони пулёбиро кофт ва ба қавлаш, ёфт. Дар таърихи 16-17 январи соли […]

Пирқадам аз тирандозӣ маҳрум шуд.

Пирқадам Шарифов – рӯзу соли таваллудаш 18-июни соли 1994 баъди ба балоғат расидан аз ноҳияи Фархор ба хизмати ҳарбӣ даъват мешавад. Дар қисми ҳарбии №10040-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди омӯзиш ва гузаштани давраҳои машқ ба сифати тирандоз пазируфта мешавад. Ӯ аллакай баъди чанде худро дар қисми ҳарбӣ «гурги борондида» ҳисоб намуд ва гумон мекард, […]

«Облава» нест аммо ҷиноят дар вақти даъват ҳаст.

Ҳамасола дар мавсими даъвати наваскарон ба сафи Артиши Миллӣ мушкилоти зиёде пеш меомад, ки баъзан барои ҳаллу фасли он, ҳам кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва ҳам волидону шахсони масъули ҳукуматҳои маҳаллӣ нерӯи зиёдеро ба харҷ медоданд. Ҳоло шиддати чунин мушкилот хеле кам шудааст. Аммо баъзе кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ҳанӯз ҳам даст ба ҷиноят мезананд. Аз ҷумла, […]

Қувваҳои Мусаллаҳ – кафили давлатдорӣ ва сулҳу субот.

Таҷлили 22-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як фарди дилогоҳу хештаншинос ва ҳушманду ватандӯст муҳиму муқаддас аст. Зеро таъсиси Артиши миллӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷик ҳодисаи ҳаммақом бо Истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Агар мо дар интиҳои асри бистум ба бузургтарин дастоварди миллӣ — истиқлолият шарафёб гардида бошем, пас, Артиши

ПАРЧАМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон эҳтироми рамзҳои давлатӣ ба ҷо оварда мешавад. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон дар низомномаҳои дахлдор, ки онҳоро Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, инъикос ёфта будаанд. Баъдан 12 майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, ки моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчам, […]

|