Ҳамдардии роҳбарият ва кормандон

Роҳбарият ва кормандони Суди ҳарбии гарнизони Душанбе оиди вафоти шавҳари Таварова Наргис - Сардори Раёсати банақшагирӣ ва молияи дастгоҳи Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле ғамгин шуда, ба аҳлу байти марҳум ҳамдардӣ баён намуда, сабри ҷамил хоҳонанд.

Аз рӯҳафтода ҳифзи ватан умед накунед.

imgpreview (20)Силоҳ дар дасти кӯдак ва инсони мубталои маризии равонӣ – мудҳиштарин иштибоҳ аст. Ин дастури сарлашкари афсонавии Рум Юлий Сезар ҳазорҳо сол боз дар омода намудани наваскарон сархати суҳбатҳо аст. Ба ҳамин хотир ҳам ба артиш барои ҳомиёни Ватан ҷавонони солиму қавипайкар даъват мешаванд. Шукри беҳад, ки имрӯз артиши мо аз нигоҳи шумора кам бошад ҳам, аз нигоҳи тавоноӣ ва иқтидори рӯҳӣ ба ҳифзи Истиқлолият Идома »

Риояи қонун – кафили пешрафти кишвар.

IMG_8544Ҳар рӯзи сипаришуда моро ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон наздик месозад. Ҳарчанд зербинои давлатдории тоҷикон дар давраи шӯравӣ гузошта шуда бошад ҳам, маҳз баъди ба даст овардани истиқлолият тавонистем, ки урфу одат, тамаддун ва анъанаҳои миллии хешро эҳё намуда, ба ҷаҳониён пешкаш кунем.

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои ҷумҳурии ҷавони мо душвор омад. Бо дасисаи бегонагон Идома »

Судшаванда ба гуноҳаш иқрор шуд.

564C5A956D3D1Имрӯзҳо бархе ашхос нисбати атрофиён хунукназарӣ зоҳир кардаву даст ба кирдорҳои ношоям мезананд ва баъди гузашти чанд муддат, аз карда пушаймон мегарданд. Аммо, он вақт пушаймонӣ суд нахоҳад дошт.

Собиқ хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии 03040 ВМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, сарбози қаторӣ Ҳасанов Акрамалӣ Маҳмадқулович 4-уми майи соли 2013 аз тарафи комиссияи даъватии ноҳияи Шаҳринав ба хизмати Идома »

Нақши истиқлолият дар ташаккули ҳокимияти судӣ.

imgpreview (23)Имрӯзҳо дар тамоми кишварамон барои таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ корҳои омодагӣ вусъат меёбад. Қариб ҳар ҳафта дар кӯчаву маҳалла ва корхонаву муассисаҳо шанбегиҳо гузаронида мешаванд. Зеро истиқлолият дар таърихи миллати тамаддунофари тоҷик воқеаи муҳиму фараҳбахш ба ҳисоб меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти худро эълон намуда, роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, Идома »

Ҳомии қонун ва адолат.

imgpreviewКормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ масъулияти баланде ба дӯш доранд. Онҳо шабу рӯз барои тантанаи адолат, пешгирии қонунвайронкунӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардум саъй мекунанд. Натиҷаи чунин фидокориҳо аст, ки мардум рӯзгори осоишта доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мавқеъ Идома »

Паём – тарғибгари сулҳу дӯстӣ.

Тоҷикистони азиз ба марҳилаи нави тараққиёт ворид шуд. Чоряк асри гузашта – роҳи моро ба оянда тахту ҳамвор кард. Акнун навбати корҳои бузургу мондагор аст. Мо бояд камари ҳимматро маҳкам баста кор кунем. Агар ба таърихи давлатҳои тараққикардаи Аврупо ва Амрико назар кунем, равшан мегардад, ки решаи комёбиҳои онҳо дар риоя кардани меъёрҳои ахлоқӣ ва эҳтиром намудани қонун аст. Моҳияти давлати демократӣ Идома »

ФАРЗАНДИ БОТАРБИЯ БОҒИ УМР АСТ.

Оиларо нахустин донишгоҳ мегӯянд. Зеро инсон ошноӣ бо муҳит ва сухан гуфтану роҳ рафтанро пеш аз ҳама дар фазои оила меомӯзад. Оилае, ки дар он зану шавҳар дар асоси якдигарфаҳмӣ ва эҳтироми тарафайн зиндагӣ мекунанд, хушбахту саодатманд гашта, фарзандонашон боодобу поквиҷдон ба воя мерасанд. Баръакс оилае, ки дар он дашномдиҳию озори тарафайн ҷой дорад, фарзандон дағалу бадгуфтор, асабию фаҳшзабон Идома »

ВАҲДАТ – МОДАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ.

Истиқлолият, Озодӣ, Худшиносӣ ва Ваҳдат мафҳумҳои пурарзишу тақдирсозанд.

 

Ваҳдати миллӣ таҳкимбахши Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст. Ватандӯстӣ, ифтихор аз хоки Меҳан, расидан ба қадру қимати забони модарӣ ва дигар оинҳои муқаддаси миллӣ, пос доштани ваҳдати миллӣ, шукргузорӣ аз дастовардҳои имрӯзи кишвар рисолати ҳар фарди бедордил мебошад. Танҳо ҳиммати волои ватанхоҳиву худшиносӣ Идома »

СУЛҲРО ДОИМО ПОСБОНЕМ.

Таҷрибаи сулҳу ваҳдати миллати мо имрӯз дар дунё чун дарси ҳамрайъӣ, ваҳдат омӯхта мешавад. Сулҳ бастан ибтидои кор аст, аммо онро ҳифз намудан хеле ҳам душвор аст. Дар ду даҳсола халқи тоҷик содиб намуд, ки ворисони сазовори Рӯдакӣ, Сино, Саъдӣ ва аллома Фирдавсӣ мебошанд. Имрӯз дар кишвари мо созандагию бунёдкорӣ идома дорад. Бояд зикр кард, ки дар баробари ин волоияти қонун торафт дар ҷомеа бараъло Идома »

|